Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони Олмон ва Фаронса ба ҳифзи евро даъват карданд


Сарвазири Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ ба татбиқи чораҳои калидии ҳифзи евро даъват карданд. Дар ҳоле ки номуайянии иқтисодӣ дар ҷаҳон авҷ мегирад, онҳо гуфтаанд, бояд ба ислоҳоти иқтисодӣ суръат бахшида, тарҳи пазируфтаи моҳи июл фавран амалӣ гардад. Онҳо аз Испания ва Италия хостанд, касри буҷаро коҳиш диҳанд ва эътимодро ба евро эҳё намоянд. Ҳамчунин қарор аст, имрӯз мақомоти молиявии Ҳафтгонаи пешрафтаи саноатӣ дар ҳамоише дар ҳоли калавишҳои нави бозор фаъолияти бонкҳои марказии худро ҳамоҳанг гардонад. Изҳороти Меркел ва Саркозӣ ду рӯз баъд аз он садо дод, ки ширкати эътимодсанҷи Standard & Poors баҳояшро ба Иёлоти Муттаҳида аз се ҳарфи “А” ба “А” ва ҷамъ поин овард.
XS
SM
MD
LG