Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз авзоъ дар Сурия


Лигаи кишварҳои араб (низ) аз хушунатҳо дар Сурия ва ҳалокати 50 нафар дар саркӯбгариҳои охири режими Башор Асад изҳори нигаронӣ кард. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Сурия гуфтааст, саркӯби тазоҳургарон ва норозиёнро идома хоҳад дод. Вай онҳоро “аносири ғайриқонунӣ” унвон кард. Лигаи кишварҳои араб ба қатъи фаврии хунрезӣ дар Сурия даъват кардааст. Сарони Иёлоти Муттаҳида, Фаросна ва Олмон гуфтаанд, чораҳои иловагии фишор ба Асадро баррасӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар панҷ моҳи тазоҳурот дар Сурия наздик ба 2000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG