Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Садр дар мавриди хуруҷи нерӯҳои Амрико


Рӯҳонии саршиноси шиъаҳои Ироқ, Муқтадо Садр ҳушдор дод, ки агар баъд аз 31-уми декабри соли равон низ нерӯҳои Амрико дар кишвараш боқӣ бимонанд, тарафдорони ӯ ба ин иқдом бо “василаҳои ҳарбӣ” посух хоҳад дод. Изҳороти рӯҳонии дорои ақидаҳои зиддиамрикоӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Ироқ гуфтаанд, боқӣ мондани бархе аз нерӯҳои амрикоиро барои тамрину омӯзониши нерӯҳои ироқӣ дархост хоҳад кард. Бино ба созишномаи амниятии соли 2008 байни Амрико ва Ироқ 47 000 сарбозу афсари амрикоӣ қарор аст, то охири имсол Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG