Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли СММ, Бан Ки-мун аз шаҳри Фукушимои Ҷопон ва маҳалҳои аз бӯҳрони ҳастаӣ осебдидаи он дидан кард. Вай баландпоятарин мақоме мебошад, ки пас аз заминларзаи 11-уми март ба ин минтақа сафар кардааст. Фалокати Фукушимо бадтарин бӯҳрониҳастаӣ баъд аз инфиҷор дар нерӯгоҳи Чернобил мебошад. Бан қарор аст, бо сарвазири Ҷопон Наоти Кан ва вазири умури хориҷии ин кишвар Такеакӣ Матсумоти мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG