Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷии Туркия ба Сурия сафар мекунад


Сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон мегӯяд, вазири умури хориҷии кишвараш Аҳмад Довудоғлу рӯзи сешанбе бо паёми ин ки «сабри Анкара» дар баробари саркӯбгарии хушунатбори Сурия сар рафтааст ба Димишқ сафар мекунад. Бино бар хабаргузории “Анатолия” Эрдуғон гуфтааст, ки Довудоғлу ин паёмро бо тамоми қатъият хоҳад расонд. Сарвазири Туркия гуфт, кишвараш наметавонад ба ҳайси “тамошогар”-и рӯйдодҳои ҳамсояаш, ки бо он марзи муштарак ва пайвандҳои таърихию фарҳангӣ дорад, боқӣ бимонад. То ҳол Анкара раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ба ислоҳот даъват карда, вале истеъфои ӯро нахостааст.
XS
SM
MD
LG