Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати боз чаҳор низомии НАТО дар Афғонистон


Имрӯз дар манотиқи гуногуни Афғонистон дар набардҳо бо толибон чаҳор низомии нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО ба ҳалокат расиданд.

Дафтари раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ дар бораи кушта шудани ду сарбози Легиони хориҷии Фаронса дар минтақаи Тагоб, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, хабар дод. Ду низомии дигар дар задухӯрд бо толибон дар ҷануби кишвар ҷон бохтаанд.

Дирӯз бар асари суқути чархболи НАТО дар вилояти шарқии Вардак 31 низомии амрикоӣ ва 7 сарбози афғон ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG