Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад: Дифоъи мардум аз авбошон масъулияти давлат аст


Башор Асад
Башор Асад
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, имрӯз изҳор намуд, ки дифоъи шаҳрвандон аз авбошоне, ки зиндагии мардумро ноором месозанд, масъулияти давлат аст. Ин гуфтаҳои сарвари Сурияро хабаргузории давлатии САНА иқтибос кардааст.

Дар ҳамин ҳол артиши Сурия муҳосираи чанд шаҳрро идома медиҳад. Субҳи якшанбе низомиён бо тонку зиреҳпӯшҳо вориди шаҳри Дайр-ал-Зур, воқеъ дар шарқи кишвар шуданд. Мухолифини ҳукумати Сурия мегӯянд, ки бар асари амалиёти низомӣ дар ин шаҳр 29 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дайр-ал-Зур яке аз марказҳои муқовимат ба режими раисиҷумҳур Башор Асад маҳсуб мешавад. Амалиёт алайҳи мухолифин дар шаҳри Ҳамо низ идома дорад.

Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Сурия аз Башор Асад даъват намуд, ки ба истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи эътирозгарон фавран хотима гузорад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ, ки моҳи март боз идома доранд, тақрибан 1650 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG