Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезӣ дар Таиланд боиси ҳалокати 20 нафар шуд


Дар шимоли Таиланд бар асари обхезӣ, ки ба думболи тундбоди тропикии “Нок-Тен” рӯй дод, дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Баъд аз як ҳафтаи боришоти шадид 20 мавзеъи воқеъ дар шимол ва шимолу шарқи кишвар “манотиқи офати табиӣ” эълон шуданд. Дар ин мавзеъҳо тақрибан як миллион нафар ба сар мебаранд. Бар пояи хабарҳо, ҳудуди сад ҳазор гектар киштзор зери об мондааст.

Дар шарқи Чин бошад қабл аз расидани тӯфони “Муйфа” беш аз чаҳорсад ҳазор сокинони манотиқи соҳили баҳр ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Дар Шанхай ва дар шаҳрҳои ҳамсояи он - Ханчҷоу ва Винчҷоу бар асари тундбод ва борони шадид даҳҳо парвозҳои ҳавопаймоҳо лағв карда шуданд. Мақомоти маҳаллӣ аз эҳтимоли тағйир хурдани соати ҳаракати қаторҳои тезрав ҳам ҳушдор додаанд.

Аз ин пеш бар асари тӯфони “Муйфа” дар Филиппин чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҷазираи Окинаваи Ҷопон аз ин офати табиӣ 30 нафар осеб диданд. Беш аз 60 ҳазор манозил аз нерӯи барқ маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG