Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёт дар Дайр-ал-Зур 27 нафар кушта шуданд


Субҳи якшанбе шаҳри Дайр-ал-Зур, воқеъ дар шарқи Сурия, ҳадафи бомборон қарор гирифт ва баъдан артиш вориди шаҳр шуд.

Мухолифини ҳукумати Сурия мегӯянд, ки бар асари амалиёти низомӣ дар ин шаҳр 27 нафар кушта шуданд.

Дайр-ал-Зур яке аз марказҳои муқовимат ба режими раисиҷумҳур Башор Асад маҳсуб мешавад ва аммо, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, низомиён чанд минтақаи шаҳрро таҳти назорат қарор додаанд. Амалиёт алайҳи мухолифин дар шаҳри Ҳамо низ идома дорад.

Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Сурия аз Башор Асад даъват намуд, ки ба истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи эътирозгарон фавран хотима гузорад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ, ки моҳи март боз идома доранд, тақрибан 1650 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG