Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳафтгона" талоши ҷилавгирӣ аз бӯҳронро дорад


Вазирони молияи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам дар арафаи ифтитоҳи хариду фурӯш дар биржаҳои саҳҳом музокироти фаврии телефонӣ доир мекунанд.Ҳафтаи гузашта нишондиҳандаҳои асосӣ дар биржаҳои бузурги олам пойин рафтанд ва "ҳафтгона" ҳарос дорад, ки ин раванд идома хоҳад кард.

Нигаронии сармоягузорон бо мушкили молиявии кишварҳои минтақаи евро ва ИМА марбут аст.

Дирӯз бунгоҳи байнулмилалии Standard & Poor’s бори аввал дар таърих рейтинги қарзии Амрикоро як зина поён бурд. Ҷин Сперлинг, мушовири аршади иқтисодии Кохи Сафед аз ин тасмим интиқод кард ва гуфт, ки қаблан вазорати молияи Амрико ин бунгоҳро дар бораи иштибоҳ дар ҳисобу китоб ба маблағи 2 триллон доллар огаҳ карда буд. Масъулини Standard & Poor’s инро тайид карданд ва аммо аз бознигарии тасмими худ худдорӣ намуданд.

Имрӯз нишасти фаврии Шӯрои руасои Бонки марказии Аврупо низ баргузор мешавад, ки дар он мушкили қарзи давлатии Италия баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG