Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати шаш нафар дар таркишҳо дар Искандария


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Искандария, воқеъ дар ҷануби Бағдод, дасти кам шаш нафар кушта ва беш аз даҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи полиси Ироқ, таркишҳо субҳи имрӯз дар канори ду бинои истиқоматӣ дар ин шаҳр ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин ҳодиса ду тифл ҳам ба ҳалокат расидаанд.

Масъулияти ҳамлаиро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG