Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳо дар Тотенҳем ҳашт полис захмӣ шуданд


Бар асари задухӯрдҳо дар минтақаи Тотенҳем, воқеъ дар қисмати шимолии Лондон, ҳашт корманди полис ба бемористон интиқол ёфтанд.

Бенизомиҳо шоми дирӯз шурӯъ шуданд – тақрибан сесад нафар дар канори идораи полиси Тотенҳем ҷамъ омада, сӯи бинои сангу шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд. Издиҳом ду мошини полис, як автобус ва яке аз мағозаҳоро ба оташ кашид. Чанд мағозаи гирду атроф ғорат карда шуд.

Намояндагони полис гуфтанд, ки ин гуна сатҳи баланди хушунатро интизор надоштанд. Чанд тан аз ширкатдорони бенизомиҳо боздошт шуданд.

Бенизомиҳо ба думболи ҳалокати як марди 29-солаи сокини Тотенҳем аз тири корманди полис сар заданд. Вақте кормандони полис мошини ин мардро нигаҳ доштанд, ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва дар тирпарронӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG