Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳраки хаймаҳои ҷонибдорони Тимошенко иҳота шуд


Кормандони ҳифзи тартиботи Киев шаҳраки хаймаҳои ҷонибдорони Юлия Тимошенко дар маркази шаҳрро иҳота карданд. Ҳама роҳҳо ба сӯи бинои додгоҳи ноҳияи Печераи шаҳр, ки ҳукми боздошти нахуствазири собиқро содир кардааст, баста шудаанд.

Шаби гузашта додгоҳи маъмурии Киев баргузории ҳама гуна намоишҳои эътирозӣ дар канори додгоҳи Печера ва боздоштгоҳи Лукяноворо манъ кард.

Мурофиаи нахуствазири собиқи Украина дар додгоҳи Печера идома дорад. Юлия Тимошенко дар сӯиистифода аз ваколат ҳангоми имзои қарордоди хариду фурӯши газ бо Русия гумонбар мешавад. Ду рӯз пеш ӯ барои беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Сафорати ИМА дар Киев аз мақомоти Украина даъват намуд, ки Тимошенкоро озод ва ба ин васила арҷгузорияшон ба авлавияти қонунро собит кунанд.
XS
SM
MD
LG