Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар роҳи мубориза бо афзоиши касри буҷа бояд чораҳои қатъӣ биандешад.

Дар изҳороти хабаргузории расмии Чин гуфта шудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷиаи сартосарии иқтисодӣ доллари амрикоӣ набояд ҳамчунин ягона арзи захиравии ҷаҳонӣ боқӣ бимонад.

Чин, ки як триллиону 200 миллиард доллар аз авроқи қарзии Амрикоро дар ихтиёр дорад, ин изҳоротро пас аз он баён кард, ки бунгоҳи байнулмилалии Standart&Poor's рейтинги қарзи Амрикоро як зина поён бурд.

Коршиносони ин бунгоҳ чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Амрико ва созиши Конгрессу Кохи Сафед дар мавриди боло бурдани ҳадди қарзи давлатиро нокофӣ хонданд.

Бо ишора ба ин вазъият хабаргузории расмии Чин менависад, ки "давлати Иёлоти Муттаҳида бояд ин воқеъияти дарднокро бипазиранд, ки рӯзҳои хуш ба поён расидааст."

Хабаргузории давлатии Чин дар идома ҳушдор додааст: "Агар Амрико чора наандешад, мумкин аст дар оянда бештар аз эътибори Амрико коста шавад, ки паёмадҳои вайронкунандаи он бозорҳои ҷаҳониро ба коми худ хоҳад кашид."

Ин нашрия мегӯяд, "Чин ба унвони бузургтарин қарздиҳанда ба танҳо абарқудрати ҷаҳон, ҳаққи худ медонад, ки аз Иёлоти Муттаҳида бихоҳад, ки мушкилоти сохтории бидеҳӣ ё қарзии худро сомон диҳад ва амнияти дороиҳои долларии Чинро тазмин кунад."

Ҳоло Амрико 14 триллиону 300 миллиард доллар қарз дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG