Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад


Дар Сурия то охири соли равон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора вазири умури хориюии кишвар Валид Муаллим дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Димишқ хабар дод.

Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури Сурия Башор Асад бо судури як амр ба фаъолияти аҳзоби мухолифи ҳукумат иҷоза дода буд.

Дар ҳамин ҳол вазъ дар шаҳри Ҳамо ноором боқӣ мемонад. Шаби гузашта нерӯҳои ҳукуматӣ ин шаҳрро аз тариқи танкҳо гулулаборон карданд.

Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқи башар навиштааст, ки тонкҳо ба шаҳри Дайр-уз-зор ҳам ворид шуданд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Сурия ҳангоми аз сӯи нерӯҳои амниятӣ саркӯб кардани намоиши зиддиҳукуматӣ дасти кам 22 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи шанбе сарони шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои халиҷи Форс – Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар, Арабистони саудӣ ва Аморати муттаҳидаи араб бо нашри як изҳорот аз мақомоти Сурия даъват намуданд, ки фавран ба хушунату хунрезӣ хотима гузоранд.
XS
SM
MD
LG