Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ҷонибдорони Тимошенко идома дорад


Ҷонибдорони сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко, ки аз дирӯз боз дар боздоштгоҳ қарор дорад, дар канори бинои додгоҳи ноҳияи Печераи шаҳри Киев шаҳраки хаймаҳоро бунёд карданд. Дар ин додгоҳ мурофиаи хонум Тимошенко, ки берунравӣ аз ваколат ҳангоми имзои қарордоди хариду фурӯши газ бо Русия айбдор мешавад, идома дорад.

Аз ин пештар фаъолони ҳизби «Баткившина»-и Юлия Тимошенко ба нишони эътироз алайҳи ҳабси раиси ҳизб даст ба гуруснанишинӣ заданд.

Хонум Тимошенко барои беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мақомоти Украина даъват карданд, ки Юлия Тимошенкоро раҳо кунанд.

Раиси Парлумони Аврупо Ежи Бузек гуфт, ки тасмими ҳабси сарвазири пешини Украина ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG