Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аш-Шабоб" пойтахти Сомалиро тарк намуд


Мусаллаҳони гурӯҳи "Аш-Шабоб"
Мусаллаҳони гурӯҳи "Аш-Шабоб"
Дар Сомалӣ низомиёни гурӯҳи «Аш-Шабоб» мавқеъҳои худро дар пойтахт шаҳри Могадишо тарк намуданд. Намояндаи гурӯҳ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, тарки мавқеъҳои чандинсола бо тайғир хурдани тактикаи низомӣ бастагӣ дорад.

Низомиёни «Аш-Шабоб» бо артиши ҳукумати Сомалӣ меҷанганд. Дар Могадишо онҳо бо нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Африқо вориди даргирӣ буданд.

Бар асари набардҳои солҳои ахир дар Сомалӣ даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.

Манотиқи ҷанубии Сомалӣ, ки он ҷо, бар пояи арзёбии СММ, садҳо ҳазор нафар аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд, зери назорати гурӯҳи «Аш-Шабоб» аст.
XS
SM
MD
LG