Пайвандҳои дастрасӣ

"Синхуа": Доллар набояд ягона арзи захиравӣ бимонад


Чин изҳор намуд, ки ҳамчун бузургтарин кишвари қарздиҳанда ба Амрико ҳақ дорад, ки аз Вошингтон андешидани чораҳои қатъӣ дар роҳи мубориза бо афзоиши касри буҷаро талаб кунад.

Дар изҳороти хабаргузории чиноии «Синхуа» гуфта шудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷиаи сартосарии иқтисодӣ доллари амрикоӣ набояд ҳамчунин ягона арзи захиравии ҷаҳонӣ боқӣ бимонад.

Ин изҳороот баъд аз он нашр шуд, ки бунгоҳи байнулмилалии Standart&Poor's рейтинги қарзи Амрикоро як зина поён бурд. Коршиносони ин бунгоҳ чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумати Амрико ва созиши Конгресу Кохи Сафед дар бораи боло бурдани ҳадди қарзи давлатиро нокофӣ хонданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG