Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як чархболи НАТО дар Афғонистон


Шаби гузашта дар шарқи Афғонистон як чархболи Паймони НАТО суқут кард. Ин хабари мақомоти Афғонистонро ахиран низомиёни Паймон ҳам тайид карданд. Дар бораи қурбониёни ҳодиса иттилоъе зери даст нест. Толибон изҳор намуданд, ки чархболро онҳо бо мушаки «замон-осмон» нобуд сохтаанд.

Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон бошад, бар асари амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ ҳашт сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи мақомоти полис, низомиёни хориҷӣ ҳадафи тирборон қарор гирифтанд ва бо дархости онҳо мавқеъи ҳамлагарон аз тариқи ҳавопаймо бамборон шуд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки миёни кушташудагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Низомиёни воломақоми НАТО гуфтанд, ки ин хабарро тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG