Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони се кишвари бузург Асадро маҳкум карданд


Сарони Амрико, Фаронса ва Олмон раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро барои истифодаи беасоси нерӯ алайҳи эътирозгарон маҳкум намуданд.

Ин мавзӯъро раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар сӯҳбатҳои телефонӣ бо ҳамтои фаронсавияш Николя Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел баррасӣ кард.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки дар Сурия ҳангоми аз сӯи нерӯҳои амниятӣ саркӯб кардани намоиши зиддиҳукуматӣ дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расиданд.

Обама, Саркозӣ ва Меркел аз изҳороти ахири Шӯрои амнияти СММ, ки дар он истифодаи нерӯ аз сӯи Димишқ танқид шудааст, истиқбол карданд. Онҳо хабар доданд, ки дар мавриди афзоиши фишор болои режими Башор Асад ба созиш расидаанд.
XS
SM
MD
LG