Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тестҳои қабул ва донишҷӯёни оянда


Иброҳимҷон Рустамов, блогнависи тоҷик
Иброҳимҷон Рустамов, блогнависи тоҷик

Дар сомонааш, Радиои Озодӣ менависад, ки “донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ усули тестии имтиҳони давлатиро шурӯъ карданд”.

Имтиҳоноти давлатии фориғултаҳсил шудан ё имтиҳоноти дохилшавӣ. Баъд аз мутолиа маълум шуд, ки имтиҳоноти дохилшавӣ будааст.

Соли 1997 барои дохил шудан ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд талабот се санҷиш-тест буд. Аз забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва ҳуқуқ ва забони инглисӣ. Ҳар яке аз санҷишҳо аз 50 суол иборат буд. Фикр мекунам, танҳо бо суолҳои тестӣ санҷидани дониши довталабон кифоя нест.

Дафтарчаи хотираҳои ҷавонӣ

Дар ояндаи наздик, имконе шуд ҳатман дар бораи таҷрибаи худ ва чӣ тавр гузаштани аз тестҳои дохилшавии соли 1997 ба ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, хоҳам навишт, чун дар давраи донишҷӯиам ҳар рӯз камаш чаҳор – панҷ ҷумла бо забони инглисӣ “рӯзнома – blog” менавиштам ва аз панҷ сол, се соли ҳаёти донишҷӯиам дар дафтарчаам бо забони инлисӣ сабт гардидаанд.

Дафтарҳои хотираро то имрӯз ҳифз кардаам. Бо мутолиаи дафтарча хатогиҳои дастурии (грамматикӣ) худро пайдо карда, ҳаракат мекардам аз он пас такрор нанамоям…гоҳе мехондаму ханда мекардам, гоҳ-гоҳ рӯзҳои душвору ғамгин ва дарди қалби ҷавонро низ бо забони инглисӣ менавиштам. Як роҳи беҳтарини омӯзиш аст, хусусан дар муҳите, ки кас имконияти бо соҳиби забони хориҷӣ ҳамсӯҳбат шуданро надорад…

Аз мавзӯъ дур нарафта, бар мегардем ба мавзӯи тестҳо ва дохилшавӣ ба донишгоҳ.

Иншо аз ҳаёти хештан

Дар вақти супоридани ҳуҷҷатҳо, довталабон бояд дар бораи нақшаҳои ояндаи худ ва шавқу рағобати худ марбут ба риштаи интихобкардаашон иншо нависанд. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон монанди Амрико, ҳар донишҷӯ, илова бар ҳуҷҷатҳояш боз як иншоеро барои муаррифӣ кардани худ менависад.

Ҳуҷҷатҳоро махсус се-ду нафари бетараф (эҳтимолан мушовирони таҳсил) аз назар мегузаронанд, бо дастовардҳои довталаб ва шахсияташ шинос мешаванд, ва баъд ба сӯҳбат даъват мекунанд. Ба ҳар донишҷӯ, мушовири таҳсилӣ – academic advisor муайян карда мешавад. Одатан ҳар устоди донишгоҳ барои даҳҳо донишҷӯён мушовири академикӣ мешавад, ки вазифааш роҳнамоӣ кардан то фориғултаҳсил шудани донишҷӯ аст. Мушовири таҳсилро, агар лозим ояд, иваз кардан мумкин аст.

Кӯтоҳ дар бораи системаи кредитӣ

Системаи кредитӣ ё холгузорӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки озодона таҳсил намоянд. Мисол: донишҷӯ бояд бо дарёфти 80 кредит ё хол унвони бакалавр мегирад. Барои дарёфти 80 хол, донишҷӯ ҳар давраи таҳсил (семестр) ҳадди ақал бояд бо гирифтани 5 дарс 10 хол ё дар як сол 10 дарс 20 хол гирад. Ҷамъ дар чаҳор сол донишҷӯ 80 холи таҳсилӣ мегирад ва ба имтиҳони фориғултаҳсил роҳ меёбад.

Бархе аз донишҷӯён холҳои таҳсилии худро бо хондани якчанд дарс дар як муддат дарёфт карда ба таҳсили худ дар донишгоҳ тезтар хотима медиҳанд. Бархе дар як вақт як ё ду дарсро интихоб карда донишгоҳро баъд чанд сол (7-8 сол) хатм мекунанд.

Устодон ва донишҷӯён

Дар донишгоҳҳои Амрико, устодон бо донишҷӯён монанди дӯстони қарин муомила мекунанд, аммо дар вақти баҳогузорӣ, гӯё якдигарро тамоман намешиносанд. Албатта, ҳастанд устодоне, ки як ё ду нафар донишҷӯёнро аз дигар донишҷӯён боло дониста, навозиш мекунанд ва дӯсташон медоранд , аммо талаби маблағ, хизмат ё шиносбозӣ бар ивази баҳо тамоман вуҷуд надорад. Хусусан дар вақти навиштани корҳои курсӣ, дипломӣ ё иншо, диққати махсус ба тарзи иқтибос кардан аз дигар сарчашмаҳо дода мешавад.

Дар ҳолати хато иқтибос кардан ва ба плагиат – дуздии адабӣ (дуздидани иттилоот аз дигар расонаҳо ва адабиёт бидуни зикр кардани манбаъ) роҳ додан, донишгоҳ ҳақ дорад донишҷӯро ба таври фаврӣ (автоматӣ) хориҷ намояд.

Баҳогузорӣ

Баҳоҳо дар донишгоҳҳо ва макотиби Амрико аз донишгоҳҳо ва макотиби Тоҷикистон куллан фарқ мекунанд.

А – 5

B – 4

C – 3

D – 2

E – 1

F (failure – шикаст) – 0

Дар бархе аз донишгоҳҳо боз ба баҳоҳо аломати ҷамъ + ё тарҳ – илова мешавад. Дар вақти хатми донишгоҳ ба донишҷӯ GPA Grade Point Average (баҳои миёна) дода мешавад. Мисол як дарс 3 хол дорад. Донишҷӯ дар тӯли таҳсил, фарз кардем, бояд 30 хол гирад. Барои гирифтани 30 хол, 10 дарсро омӯхтанаш лозим аст.

Агар донишҷӯ 10 дарсро бо баҳои A хонад, яъне даҳто баҳои А гирад, пас баҳои миёнааш GPA 4.0 мешавад. Агар рафту аз яке дарсҳо баҳои B гирад, пас ба баҳои миёнааш таъсири манфӣ мерасад ва баҳои миёнааш GPA 3.9 мешавад. Ба донишҷӯ аз рӯзи аввал GPA 4.0 дода мешавад ва донишҷӯён бояд саъю кӯшиш кунанд, ки баҳои миёнаашон GPA аз 4.0 кам нашавад. Нигаред ба ҳисобкунаки баҳои миёна (GPA calculator)

Аввал баҳодиҳӣ ба устодон, баъд навбат ба баҳогирӣ

Дар охири давраи (семестри) таҳсил ё дар дарсҳои охирин донишҷӯён ба таври пӯшида ба устодон баҳо медиҳанд. Одатан ба донишҷӯён варақаҳои арзёбии устод дода мешавад. Аз синфхона устод ба берун мебарояд ва донишҷӯён маҳорати устодашонро дар варақаи махсус, бидуни ёдоварии номи худ зикр мекунад. Баъд яке аз донишҷӯён варақаҳоро дар як лифофаи баста ба маъмурияти донишгоҳ мефиристад. Донишгоҳ арзёбии донишҷӯён нисбат ба устодро аз наздик омӯхта, устоди донишгоҳро ташвиқ мекунад ё ягон чораи беҳтар кардани дарсдиҳиро тавсия медиҳад.

Дар охир мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки танҳо бо тест дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва дар ҳақиқат шавқу рағбат доштани онҳоро муайян кардан ғайриимкон аст. Ҳар фард такрорнашаванда аст ва дорои қобилияте шояд бошад, ки метавонад барои пешрафти илм ва рушди мамлакат саҳм гузорад.

Имрӯз довталаб, фардо донишҷӯ, дар ояндаи хеле наздик олими сатҳи байналмиллалӣ. Шояд рӯзе довталаби имрӯза бо устоди худ дар анҷуманҳои илмӣ рӯ ба рӯ шавад ва миннатдории худро баён кунад, ё баръакс давраҳои душвору нобасомони таҳсилро ба хотир орад…

Ба ҳамаи довталабони соли 2011 дар имтиҳонот муваффақият хоҳонам. Дар ноумедиҳо басе умед аст, ноёни шаби сияҳ сафед аст…
XS
SM
MD
LG