Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири собиқи қазоқ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд


Жақсилиқ Досқалиев

Жақсилиқ Досқалиев

Вазири собиқи ҳифзи сиҳҳати Қазоқистон Жақсилиқ Досқалиев бо ҷурми фасод ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи Алма-Ато Досқалиеви 55-соларо дар гирифтани 9 манзил ба ҳайси ришва ҳангоми раҳбарии Донишкадаи тиббии Остона дар солҳои 2004-2008 муҷрим шинохт. Мурофиаи ӯ бо ду банди дигари фасод идома хоҳад ёфт. Қозӣ Майрам Жангуддинов вазири собиқро ҳамчунин ба пардохти товон ба давлат ба маблағи қариб 633 000 доллар маҳкум кард. Се манзили Досқалиев дар Остона ва як қитъаи заминаш дар атрофи пойтахт низ ба фоидаи давлат мусодира хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG