Пайвандҳои дастрасӣ

Троблус хабари марги Хамис Қаззофиро радд кард


Акси Хамис Қаззофӣ аз бойгонист

Акси Хамис Қаззофӣ аз бойгонист

Сухангӯи давлати Либия Мӯсо Иброҳим хабари кушта шудани Хамис, яке аз фарзандони Муаммар Қаззофиро дурӯғи маҳз номид. Чирикиҳои Либия қаблан хабар доданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шаҳри Зилтон беш аз 30 нафар, бо шумули Хамис Қаззофӣ кушта шудаанд. Як мақоми НАТО гуфт, воқеъияти ин хабарро ҳанӯз таъйид ё радд карда наметавонанд. Хамис фармондеҳи як воҳиди вижаи низомӣ буд ва гуфта мешавад, ки ба набардҳо дар Зилтон раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG