Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 эътирозгар дар раҳпаймоиҳои Сурия


Фаъолони Сурия мегӯянд, рӯзи 5 август баъди адои намози ҷумъа даҳҳо ҳазор нафар бо талаби истеъфои режими Башшор Асад ба хиёбонҳои шаҳрҳои Сурия рехтанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ алайҳи эътирозгарон дар пойтахт – Димишқ тир кушода, аз гази ашковар низ кор бурдаанд. Дар бораи ҳалокати дастикам 4 эътирозгар гузориш шудааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон режими Асадро масъули қатли беш аз 2000 нафар номид ва кишварҳои Аврупову Арабро ба эъмоли фишори бештар алайҳи Сурия бо талаби қатъи саркӯбии эътирозҳо даъват кард.Эътирозҳо алайҳи режими Асад аз моҳи март идома дорад.
XS
SM
MD
LG