Пайвандҳои дастрасӣ

Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабри соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст.

«Амфитамин» сабаби марги Сӯҳроби Сафарзод шудааст

Тибқи хулосаи ташхиси судӣ марги Сӯҳроби Сафарзод дар натиҷаи заҳролудшавии шадиди бадан аз ҳисоби дорувории амфитамин ба вуҷуд омадааст. Ин нуктаро Бахтиёр Алиев, ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт. Ба қавли номбурда агентӣ 3-уми июни соли 2011 маводи вобаста ба марги шаҳрванд Сӯҳроби Сафарзодро аз прокуратураи генералӣ дарёфт намуда, мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар парвандаи омадааст, ки шаби 10-уми декабри соли 2010 ҷасади Сӯҳроби Сафарзод ба маркази милли тиббии Тоҷикистон оварда шудааст. Номбурда шаби 9-ум ба 10-уми декабр дар манзили зисти Сабзалӣ Ҳайдаров, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2 М-16, бинои 1, ҳуҷраи 25 дар ҳолати мастӣ вафот кардааст. «Аз хуни Сӯҳроби Сафарзод ҳамчунин спирти этилӣ дарёфт гардид.

Санҷиши прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Сафарзод ҳамроҳи рафиқонаш дар маркази дилхушии «Симин»-и шаҳри Душанбе нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунад. Аммо ҳеч нафаре аз ҳамроҳонаш намедонад, ки овозхон маводи синтетикиро кай истифода кардааст. Онҳо дар дасти Сӯҳроб танҳо шишаи пиворо дидаанд»,-афзуд Бахтиёр Алиев. Ба қавли номбурда, ҷиҳати муайян кардани ин ки Сӯҳроби Сафарзод маводи синтетикиро аз куҷо дарёфт кардааст, санҷишҳо натиҷае надодаанд. Ҳамсар, модар ва дигар наздикони сароянда гуфтаанд, ки дар мавриди истеъмол ва аз куҷо дарёфт кардани маводи амфитамин аз ҷониби Сӯҳроб маълумоте надоранд.

Парвандаи марги овозхонро қатъ кардаанд

Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабари соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст.

Ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадор мегӯяд, зимни такроран омӯхтани маводҳои марбут ба марги Сӯҳроби Сафарзод ҳамсари сароянда Майрам Давлатова ва модари вай- Хайринисо Шаропова дар марги овозхон касеро гунаҳкор намеҳисобанд. Бахтиёр Алиев гуфт, зимни санҷиши мавод кормандони агентӣ Сабзалӣ Ҳайдаров, нафареро, ки Сӯҳроб дар манзили ӯ ба ҳалокат расидааст, мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ҳайдаров изҳор доштааст, ки ӯ ба сароянда ягон хел маводи нашъадор надода ва намедонад, ки овозхон аз куҷо ин маводро гирифтааст.

Санҷишҳои мақомот дар ин замина бенатиҷа анҷом ёфтаанд ва ба қавли Бахтиёр Алиев то кунун дар ин замина санҷишҳо идома доранд. Ин дар ҳолест, ки прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2010 қарор дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноиро вобаста ба марги Сӯҳроби Сафарзод баровардааст.

Ҷонишини шӯъбаи тафтишотии агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти вақти зиёд ошкор ва дарёфти далелҳои ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъадор мушкил аст. «Бо сабаби ин ки мо баъди шаш моҳи қарори прокуратура дар мавриди рад кардани оғози парванда маводҳоро аз додситонӣ гирифтем, муайян кардани гунаҳкорони ҳодиса қариб ғайриимкон гардидааст».

Баъди он ки хабари марги Сӯҳроби Сафарзод ба монанди раъду барқи баҳорӣ бо суръати кайҳонӣ паҳн шуд, миш-мишу сару садоҳо низ дар мавриди сабабҳои марги ӯ баланд шуданд. Тибқи ин овозаҳо истифодаи маводи нашъадор боиси марги сароянда шудааст.

Дар маросими ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод санаи 11-уми декабри соли 2010, ки дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қисмати асосии мавъизаи Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни тоҷик ҳам ба нигаронӣ аз паҳншавии истифодам маводи мухаддир миёни ҷавонон бахшида шуд.

Дар як бахши суханронии худ номбурда гуфт: «Ҷавонони азиз, истеъмоли маводи мухаддира инсонҳоро аз маъракаи инсонӣ мебарорад. Вақте, ки инсон аз истеъмоли маводи мухаддира мемирад, ӯ гӯё, ки ба худкушӣ даст задааст. Имрӯз гӯшаки телефонро мебардорӣ, мегӯянд, ки Сӯҳроби Сафарзод мурд. Фардо навбати ману шумо ҳаст. Фардо мову шуморо болои ҳамин чаҳорчӯба бардошта меоранд. Худо накарда агар ҷавоне ба истеъмоли маводи мухаддира машғул бошад, гӯшатонро бигиред ва тавба кунед дар назди Худо.»

Аммо табибони беморхонаи ҷумҳуриявии мавсум ба Қарияи Боло иллати аслии даргузашти хонандаи ҷавонро сактаи қалб унвон карданд. Сӯҳроби Сафарзод дар оромгоҳи мавсум ба Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Ҳафт моҳ боз «Муини тоҷик» бо мо нест

Сӯҳроби Сафарзод, яке аз хонандаҳои ҷавони мусиқии поп буд, ки ҷойгоҳи хосеро дар олами санъати тоҷик касб намуд. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ шӯҳратёр гардида, матбуоти зард номашро дар радифи «ситораҳои эстрадаи тоҷик» навишт.

Сӯҳроби Сафарзод дуюмин хонандаи тоҷик аст, ки бо сурудҳои Муин, овозхони маъруфи форсзабони муқими Амрико миёни мухлисон муаррифӣ шуд. Дар қиёс ба аксари ҳофизони дигар Сӯҳроби Сафарзод дар бозхонӣ то андозае муваффақ дониста мешуд, шояд ба ин хотир, ки ӯ суруди аслро тақрибан тағир намедод. Ҳам оҳанг ва ҳам матну шеваи бозхониро айнан иҷро мекард. Гузашта аз ин садои Сӯҳроб низ ба Муин шабоҳатҳое дошт.

Ба оҳистагӣ ҷои коллексияи сурудҳои бозхонишударо таронаҳои худи ӯ танг карданд. Сурудҳои «Нозанин», «Азизи диламӣ», «Ишқи ман», «Панҷара» ӯро миёни мухлисон зиёдтар машҳур гардонд. Дуэтҳое низ бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) иҷро кардааст, ки ба шӯҳраташ афзуд.

Як вижагии сурудҳои Сӯҳроб омезиши оҳангҳои эрониву ҳиндӣ буд, ки таронаҳояшро бештар массир ва маҳбуби ҳаводоронаш мегардонд. Мувофиқати ҳаракатҳои саҳнавияш бо матни сурудҳо низ ба андозаи 80 дар садро ташкил медод.

Таронае, ки як рӯз қабл аз марг суруда шуд

Сӯҳроби Сафарзод аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. Дӯстонаш мегӯянд, Сӯҳроб тасмим дошт, фурсати наздиктарин маҷмӯи нави таронаҳояшро таҳия ва пешниҳоди мухлисон кунад. То ин вақт Сӯҳроб ҳамагӣ як албоми худро таҳия карда буд, маҷмӯаи дуюми таронаҳояш нотамом монд.

Сӯҳроб тасмими филмсозӣ низ доштааст, аммо акнун ин нақшаи ормонии ӯро шояд дӯстони ҳампешааш амалӣ мегардонанд. Охирин таронаи ӯ дар шакли дуэт як рӯз қабл аз маргаш суруда шудааст. Олим Ширинов, коргардони овоз баъди марги сароянда ба хабарнигорон гуфта буд, Сӯҳроб рӯзи 9-уми декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод кардааст тарона фардо сабт шавад, вале Сӯҳроб зиёд исрор намуда, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Гӯё Сӯҳроб медонист, ки фардо дигар имкони пешниҳоди тарона даст намедиҳад.

Ин суруд бо номи «Санам», ки якҷо бо шогирдаш Сорбон иҷро шудааст, чанд рӯз баъд аз марги овозхон танзим ва пешниҳоди мухлисонаш гардид. То кунун ин тарона панҷгонаи сурудҳои маҳбуби хонандаҳоро тарк накардааст.



Бознашр аз торнигори Mahbub - TJ ва торнамои "Хабаргузории Озодагон"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG