Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми 41-уми Тоҷикистон дар Шохиси террор-2011


Ин мусофиркаш дар Покистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтааст

Ин мусофиркаш дар Покистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифтааст

Пажӯҳишгоҳи Мейплкрофт, мақараш дар Лондон, гузориши солонааш таҳти унвони «World Terrorist Index -2011”-ро нашр кард, ки дар он Сомаливу Афғонистон хатарноктарин маконҳои дунё аз нигоҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ ном бурда шудаанд. Сухангӯи Мейплкрофт Ҷейсон Макгеовн гуфт, танҳо дар Афғонистон дар як соли охир 3740 ҳамлаи террористӣ рух додааст: “75 дар сади ҳамлаҳои террористӣ ба чор кишвари аваал: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.”
Тоҷикистон дар соли гузашта шоҳиди танҳо як ҳамлаи террористӣ – таркиши маргталабонаи сенятбри соли 2010 дар Хуҷанд буд ва аз нигоҳи хатари аъмоли террористӣ дар раддабандии Мейплкрофт дар мақоми 41-ум ва дуруст дар байни Бритониёву Фаронса ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG