Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як фарзанди Қаззофӣ кушта шудааст


Хамис Қаззофӣ (акс аз бойгонӣ)
Хамис Қаззофӣ (акс аз бойгонӣ)
Чирикиҳои Либия мегӯянд, шаби гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шаҳри Зилтон Хамис, боз як фарзанди дигари Муаммар Қаззофӣ кушта шудааст. Сухангӯи чирикиҳо гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 30 нафар, бо шумули Хамис, ҷон бохтанд. Як мақоми НАТО гуфт, аз чунин гузоришҳо хабар доранд, вале ҳанӯз воқеъияти онҳоро таъйид ё радд карда наметавонанд. Хамис фармондеҳи як воҳиди вижаи низомӣ буд ва гуфта мешавад, ки ба набардҳо дар Зилтон раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG