Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 4-уми август дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё бо ширкати варзишгарони 23 кишвари қора оғоз ёфт.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсиюни бокси Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар бо раҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев беҳтарин варзишгарони тоҷик шомиланд, ки байни онҳо Ҷаҳон Қурбонов (дар вазни то 91 кг) ва Анвар Юнусов (то 56 кг), ширкаткунандагони Олимпиадаи Пекин ҳастанд.

Ҷаноби Маҳмадрасулов афзуд: “Ин мусобиқа, ки то рӯзи 13-уми август идома хоҳад кард, барои варзишгарони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз сабқати ҷаҳонӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад. Варзишгароне, ки дар ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонӣ ҷойҳои аз 1-ум то 8-умро мегиранд, соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мешаванд. Барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ ба ғайр аз муштзанҳои маъруфи тоҷик - Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, инчунин, варзишгарони ҷавон, ба мисли Мададӣ Нағзибеков ва Комил Холиқов мубориза хоҳанд бурд.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG