Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев талаби хуруҷи нирӯҳои Русияро рад кард


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев Сенати Амрикоро ба маҳзи тасвиби қароре, ки Маскавро ба хуруҷи нирӯҳояш аз вилоёти ҷудошудаи Гурҷистон даъват мекунад, ба боди интиқод кашид. Медведев дар мусоҳибае, ки рӯзи ҷумъа тавассути радиои русии “Эхо Москви” ва телевизиони гурҷии ПИК - пахш шуд, ин даъватҳоро “бепоя” номид. Ин нахустин мусоҳибаи Медведев бо як расонаи гурҷӣ баъд аз ҷанги соли 2008-уми Русия бо Гурҷистон бар сари вилоятҳои Абхозистону Осетияи ҷанубист ва Медведев дар он имкони азсаргирии равобити дипломатии Маскаву Тифлис то замони дар сари қудрат боқӣ мондани Михаил Саакашвилиро истисно кардааст .
Сенати Амрико ҳафтае пеш бори дигар аз Русия даъват кард, то бар асоси шароити оташбаси баъди он ҷанги панҷрӯза имзошуда нирӯҳояшро аз ин ду минтақаи Гурҷистон берун бикашад. Русия истиқлоли Абхозистону Осетияи ҷанубиро баъди ҷанг эътироф кард.
XS
SM
MD
LG