Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба эътирозҳои ҷадид дар Сурия


Фаъолони Сурия хостори тазоҳуротҳои густардаи зиддидавлатӣ баъд аз адои намози ҷумъа шуданд. Ин даъват тавассути Интернет аз номи як нирӯи бузурги истода дар паси қариб ним соли эътирозҳои зидди режими Башшор Асад нашр шуд. Нирӯҳои амниятӣ тайи рӯзҳои охир саркӯбии эътирозҳоро густариш додаанд ва дар Ҳамо – як маркази умдаи эътирозҳо- чандин тани дигар кушта шуданд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон кишварҳои Аврупову ҷаҳони Арабро ба эъмоли фишори бештар алайҳи Сурия бо талаби қатъи саркӯбии эътирозҳо даъват кард. Клинтон режими Асадро ба қатли беш аз 2000 нафар дар ҷараёни саркӯбии ин эътирозҳо айбдор кард.
XS
SM
MD
LG