Пайвандҳои дастрасӣ

Даъватҳо ба раҳоии Алес Бялатский


Алес Бялатский

Алес Бялатский

Боздошти ҳомии маъруфи ҳуқуқи Беларус Алес Бялатский мояи мавҷи маҳкумияти байналмилалӣ шудааст. Раиси парлумони Аврупо Йержӣ Бузек мақомоти Минскро ба раҳоии Бялатский ва соъир маҳбусони сиёсии «ноодилона боздоштшуда» даъват кард. Федеросиюни байналмилалии ҳуқуқи башар низ хостори раҳоии билофосила ва беқайдушарти ин ҳомии ҳуқуқ шудааст.
Пулиси молии Беларус рӯзи 4 август қабл аз боздошти ӯ барои 72 соат ва эълони иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти молиёт манзил ва бӯстонсарои Бялатский ва ҳам дафтари созмони «Вясна»-ро кофтукоб кард. «Вясна» дар пайгирии мавориди саркӯбии эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Беларус фаъол буд ва аз номи маҳбусони сиёсӣ низ маъракаҳо барпо мекард. Йержӣ Бузек боздошти мардум дар хиёбонҳоро бозгашт ба гузаштаи торики коммунистӣ номид ва гуфт, чунин таҷруба дар асри 21 қобили қабул нест.
XS
SM
MD
LG