Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳур аз ноҳия ба ноҳия сафар мекунад ва ин сафарҳо ба сурати комил дар пардаи телевизон ба намоиш меояд.

Ба гуфтаи соҳибназарон, ин намоишҳо то ба гузориши хабарӣ аз сафари кории раиси ҷумҳур бештар ба сабқати ноҳияҳо дар хушомадгӯии президент шабоҳат дорад. Ва телевизиони Тоҷикистон ҳам ҳамаи ин саҳнаҳоро ба намоиш мегузорад.

ТАЪРИХЧАИ ШАХСИЯТМЕҲВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Баррасии мавсими хушомадгӯӣ дар Тоҷикистон ва нигарониҳо аз ин тамоюл аст, ки ҷомеаро метавонад ҷониби як низоми авторитарӣ ё
...чанд соли аввал раиси ҷумҳур дар ин замина иқдом кард ва хеле коҳиш ёфта буд, ин раванд. Аммо хушомадгӯиҳо то як андоза ӯро нарм кард ва ӯ то як андоза ба ин чизҳо моил шуд...

худкома савқ диҳад. Ин масъала барои Тоҷикистон баҳси наве нест. Тоҷикистон шӯравӣ ҳарчанд як ҷомеаи тоталитарӣ буд, дар сатҳи ҷумҳурӣ мушикили кеши шахсиятро надошт. Ҳатто Тоҷикистони даргири ҷанги дохилӣ низ дучори ин мушкил набуд.

Шахсиятмеҳварӣ дар Тоҷикистон умдатан баъди истиқрори сулҳ ва таҳкими ҳукумати марказӣ бештар зуҳур кард ва ба думболи комилан мунҳал шудани ИНОТ бештар шакл гирифт. Ба назари таҳлилгарон, бо ҳарчӣ дур шудан аз таърихи созиши сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таҳкими ҳукумати марказӣ, нишонаҳои парастиши кеши шахсият низ дар Тоҷикистон бештар рушд мекунад. Дар сари як масъала, ки ин зуҳурот пайомади бад дорад ё нек, соҳибназарон, чӣ касоне, ки ҳаводори ҳукуматанд ва ё чӣ онҳое, ки ба шиддат

мухолифанд, тақрибан як назар доранд, ки пайомади хуберо аз ин кор набояд интизор шуд.

Худи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ду навбат, як бор дар соли 2000-ум ва бори дигар дар ду соли пеш расман дар ин маврид иқдом кард ва монеъ аз нашри аксҳои худ бо раҳбарони маҳаллӣ дар кӯчаву хиёбонҳо гашт. Аммо боз ҳам кӯчаву хиёбон пур аз акси раиси ҷумҳур аст ва ҳоло боз ҳам ТВТ достони хушмади шоҳи одилро месарояд. Чаро? Кӣ ба ин манфиатдор аст?

Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Имрӯз аксарияти элитаи сиёсии Тоҷикистон изҳори ҳурмату эҳтиром ба раиси давлатро, мутаассифона, ҳамин тавр мефаҳмад. Ва вақте ки президент ба маҳалҳо сафар мекунад ва ӯро қабул мекунанд, мехоҳанд аз ҳамин ҷиҳат ӯро дилхуш кунанд. Ва ҳатто намояндагони Дастгоҳи президент ҳам вақте пеш аз сафарҳо ба ин ноҳияҳо

мераванд, таъкид мекунанд, ки ин корҳо зарур нест. Аммо раисони ноҳияҳо ва маҳалҳо мегӯянд, ки раиси ҷумҳур як бор ин ҷо меояд ва мо худамон ин ҷо раҳбар ҳастем ва ҳарчи хостем, мекунем. Ин тамоюл феълан як фарҳанги элитаи сиёсии хоса маҳаллӣ дар Тоҷикистон шудааст.»

Як сол қабл аз ин Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик зимни мусоҳибае бо нашрияи «Миллат» суханони таърихие эрод кард ва сукут дар ин заминаро шикаст ва гуфт, ки барои ҳафтод пушти тоҷик ҳамон иқдоми Ҷамшед бас аст, ки худро худо эълон кард ва худо аз ӯ рӯ гардонд ва тоҷикон низ имрӯз бояд аз раиси ҷумҳур пайғамбарсозӣ накунанд, балки раиси ҷумҳур ҳам мисли ҳама як инсонӣ хокӣ аст ва як рисолат дорад. Аммо ба думболи ин, шоири тоҷик як сол, агар нагӯем таҳти фишор, мавриди номеҳрубонӣ қарор дошт. Зеро тафаккур дар ин ҷомеа кайҳост, ки ба гунаи дигаре шакл гирифтааст. Ва номеҳрубонӣ ба шоир танҳо аз сӯи мақомот набуда, балки бархе аз тӯдаҳо низ ба ҳамин боваранд, ки шоир ҳарфи ғалате гуфтааст.

Аммо Қаноат, ки аввалин фарҳангии тоҷик буд, ки ҷуръати ин эътирозро намуда, баъди як сол дар сӯҳбате бо
Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик

Озодӣ гуфт: «Ман ҳамчун дӯст ҳушдор додам, ки ин корро накунед, ҳушёр бошед, ба таърифу тавсифи беҳуда, машғул нашавед. Худаш мегӯяд, ки маро худо нагӯед, шоҳи шоҳон нагӯед. Аммо боз ҳам онҳое, ки дар давру бараш ҳастанд, мехоҳанд, бо таърифу тавсиф ӯро аз воқеияти ҷаҳони имрӯз ва авзои аслии Тоҷикистон ғофил нигаҳ доранд.»

Мӯъмин Қаноат дар робита ба омили густариши шахсиятмеҳварӣ мегӯяд, кеши шахсият дар ҷомеае эҷод мешавад, ки тафаккури он зери фишор аст ва поймол шуда бошад.

Ӯ мегӯяд: «Андешаҳоро, чандандеширо ва ҳамаи ақлҳову хирадҳои равшанро ё аз байн мебаранд ё зиндонӣ мекунанд ё баста мекунанд, ба хотири тасаллути як андеша ва як касе, ки қудрати бештар дорад. Тоҷикистон ҳам ба ҳамин дард гирифтор шудааст."

ЗОИРОВ: "ДАР УЗБАКИСТОН ЧУНИН НЕСТ"

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ахиран тамоюли шахспарастӣ дар кишвар назар ба ҳамаи давлатҳои давру бар ва ҳамсояҳо бештар рушд кардааст. Ӯ мегӯяд, тамоюли шахсиятмеҳварӣ дар Тоҷикистон марҳилаи хатарноки худ ворид нашудааст, аммо дар марҳилаи қабл аз хатарзоӣ қарор дорад. Оқои Зоиров мегӯяд: «Ман 10 рӯз дар Узбакистон будам. Он ҷо чаҳор шабакаи телевизиони Тоҷикистон тавассути моҳвора қобили дидан аст ва тоҷикон ин вазъияти истиқболи меҳнаткашон аз раиси ҷумҳурро тамошо мекунанд ва ҳайрон мешаванд. Ман дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ба ҷуз аз идораҳои давлатӣ дар ягон ҷо акси Ислом Каримовро
Раҳматулло Зоиров

надидам. Ҳамчунин ягон навишта ва шиорро низ бо имзои Каримов во нахӯрдам. Аммо дар телевизионҳои Тоҷикистон мардуми Узбакистон мебинад, ки чӣ гуна аз президенти Тоҷикистонро заҳматкашон истиқбол мегиранд ва ҳатто дар сари замини кишт чӣ гуна пойандозу гилем меандозанд, ин нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон назар ба Узбакистон чандин мартаба лаганбардорӣ ва шахсиятпарастӣ рушд кардааст.»

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик мегӯяд, ки бояд раиси ҷумҳур сари ин масъала ҷиддан андеша кунад ва сиёсати ҷиддии муқобила бо ин тамоюлро пешниҳод созад. Дар ғайри сурат, ин тамоюл бо муҷарради рушд ёфтанаш ба сифати кори давлат ва аз ҷумла ба натиҷаи сафарҳои кории президент ба маҳалҳо низ латма мезанад ва зеҳниятро аз фикру кори асосӣ мунҳариф месозад.

ЧАРО ЧУНИН АСТ?

Аммо агар тоҷикон хоста бошанд, ки аз тамоюли хушомадгӯӣ ва шахспарастӣ бикоҳанд, бояд пеш аз ҳама ба суоли роҷеъ ба иллатҳои зуҳури ин тамоюл посух пайдо кунанд. Суол ин аст, ки чаро чунин аст?

Ин мақоми сиёсии кишвар аст, ки ташвиқ мекунад мардумро барои ин иқдомҳо ва ё ин мардум ҳастанд, ки ба раҳбари сиёсии худ ба ин гуна изҳори муҳаббат ва садоқат мекунанд? Ва ё ҳам иқдоми инҳо ва хости дили раҳбари сиёсӣ ҳарду бо ҳам таъвам аст? Ба ҳар ҳол чаро?

Парвиз Муллоҷонов, яке аз соҳибназарони тоҷик мегӯяд, ки ин одати равонии тоҷикон аст, ки хушомад гуфтаанд ва зуҳуроти тозае нест. Ӯ мегӯяд: «Тоҷикон садсолаҳо дар зери зулму
Парвиз Муллоҷонов

фишори дигарон буданд. Ва барои ҳар тоҷик танҳо роҳи таъмини маишати хонаводаи худ ин хидмат ба ягон хоҷа, шоҳ ё ҳоким буд. Барои ҳамин хушомадгӯӣ дар хуни мо ҷойгир шудааст ва мушкил аст аз он раҳо шуданд.»

Ба назари оқои Муллоҷонов, садсолаҳо дастнигар будани тоҷик боис шудааст, ки ба хушомадгӯӣ хӯ кунад, то ҳадде, ки ба ҳокиме низ, ки аз ӯ заррае вобаста нест, хушомад бигӯяд.

"ФАРҲАНГИ СИЁСӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД"

Аз сӯи дигар, Қонуни асосӣ баъди имзои Созишномаи сулҳ, ки додани салоҳияти беш аз ҳад ба як нафар, раиси ҷумҳурро таъмин кард, ба назари бархе дигар аз соҳибназарон ба густариши омили шахсиятмеҳварӣ ё парастиши шахсияти як нафар дар Тоҷикистон ва он ҳам раиси ҷумҳур мусоидат кардааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки дар рушди фарҳанги шахсиятмеҳварӣ, худи мақомоти сиёсӣ мусоидат мекунанд. Мухтор Боқизода, аз рӯзноманигорони саршиноси тоҷик мегӯяд, ки агар раиси ҷумҳур хоста бошад, ба зудӣ ва осонӣ метавонад ин фарҳанги номуносибро аз миён

бубарад. Аммо шояд ба шунидани хушомад одат кардааст. Ӯ мегӯяд: «Агар худи шахс майле ба хушомадгӯӣ надошта бошад, ин чизҳоро метавонад аз байн бубарад. Бубинед, дар чанд соли аввал раиси ҷумҳур дар ин замина иқдом кард ва хеле коҳиш ёфта буд, ин раванд. Аммо ба назарам ин хушомадгӯиҳо то як андоза дили раиси ҷумҳурро нарм кард ва ӯ то як андоза ба ин чизҳо моил шуд.»

ПАЙОМАДИ ХУШОМАДГӮИ ЧИСТ?

Аммо суоли аслӣ боз ҳам аз пайомади шахспарастӣ аст? Чиро метавон аз ин тамоюли рӯ ба рушд интизор дошт? Ҷомеаи авторитарӣ? Саркӯби дигарандешон ва ё ақибафтодагии Тоҷикистон аз баданаи асосии ҷомеаи ҷаҳониро?

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд: «Идомаи ин вазъият се оқибати бад дорад.
Раҳматулло Зоиров

Якум, озодандеширо дар ҷомеа бар ҳам мезананд. Яъне унсури аслии демократияро мекушад. Дигар ин, ки ҷомеаро ба ақиб, ба замони шоҳигариҳо мекашад ва аз баданаи аслии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз пешрафти имрӯзӣ канда мекунад. Аз ҳама бадаш ин, ки дигарандешӣ саркӯб мешавад ва дигарандешон таҳти фишор қарор мегиранд. Ва агар ба он марҳила расид, дигарандешон дар ҳолати хуб зиндонӣ мешаванд ва дар ҳолати бад аз ҷомеа нобуд сохта мешаванд.»

ОЁ ИМКОНИ МУБОРИЗА БО ИН ТАМОЮЛ ВУҶУД ДОРАД?

Аммо имкон, тавон ва иродаи мубориза бо ин зуҳурот ва тамоюле, ки тақрибан шакл гирифта ва ба фарҳанги як қишри ҷомеа табдил шудааст, вуҷуд дорад.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ирода ҳатман вуҷуд дорад, аммо муқобила ба расми ҷойафтода, ки тақрибан ба суннат табдил шудааст, кори сода нест.

Ӯ мегӯяд: «Бовар кунед, ин вазъиятро дигар кардан мушкил аст. Вақте президент ба маҳалҳо меравад ва мебинад, ки кӯдакони майда зери офтоб, наметавонад бигӯяд, ки инҳоро гирифта он тараф баред. Зеро акнун
Cӯҳроб Шарифов

ин раҳбарони маҳаллӣ ин корро карданд ва дур кардани кӯдак аз он ҷо аз рӯи ахлоқ нест. Лекин афсӯс, ки ин фарҳанг аз ҳамон замони шӯравӣ ба мерос мондаст, ки котиби Кумитаи марказӣ меомад, ҳама аксҳои ӯро болои сар мебардоштанд ва "зиндабод" мегуфтанд, ҳамон зеҳният дар фикри раҳбарони маҳаллӣ ҳоло ҳам мондаст. Ва ба ҳамин тартиб, эҳтироми зоҳирии худро ба президент иброз мекунанд. Аз миён рафтани ин чизҳо вақтро талаб мекунад ва ҳоло аз ҳама муҳим ин аст, ки насли нави элитае, ки омода мешавад, бояд аз он тафаккур орӣ бошад, бо тафаккури нав бошад. Мо ба он бояд аҳамият диҳем.»

Ба ин тартиб, Тоҷикистон ҳамзамон бо бӯҳроне, ки дар иқтисоди миллӣ ва афзун бар мушкиле, ки дар робита бо ҳамсояҳои худ дорад, дучори маризии дар ҳоли ташаккули шахсиятмеҳварӣ низ ҳаст. Мушкиле, ки бӯҳрони фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро дар пай хоҳад дошт. Аммо агар ба ҳарфи мақомот бовар кунем, ки ирода барои муқобила ба ин зуҳурот вуҷуд дорад, пас ба гуфтаи соҳибназарон, метавон умедвори ислоҳи вазъият низ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG