Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон рӯзи 12 феврал интихобот доир мекунад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Туркманистон эълон кард, ки интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣ рӯзи 12 феврал доир хоҳад шуд. Ин қарори парлумон як моҳ баъд аз тасмими ғайриинтизори ҳокими худкомаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст, ки ба аҳзоби мамнӯъи мухолифин ҳаққи ширкат дар ин интихоботро дод. Туркманистон, ки чаҳорумин захираи бузурги гази дунёро дорад, бо собиқаи таъқиботи сиёсиаш маъруф аст. Бердимуҳаммадов соли 2007 баъди даргузашти диктатори туркман Сафармурод Ниёзов тавассути як интихоботи ба ақидаи ағлаб ғайриодилона ба қудрат расид.
XS
SM
MD
LG