Пайвандҳои дастрасӣ

Уфти қимати саҳом дар бозорҳои молии Аврупо рӯзи ҷумъа низ идома ёфт. Иллати уфти қиматҳо нигаронии сармоядорон аз имкони дубора дучори пасрафт шудани иқтисоди Амрико ва густариши буҳрони қарзи минтақаи евро ба Италияву Испания гуфта мешавад. Кори бозорҳои умдаи Аврупо бо уфти бешаздуфоизии қимати саҳом оғоз ёфт. Бозорҳои Осиё низ рӯзи ҷумъа дучори айни ҳол буд.
Рӯзи 4 август шохиси Dow Jones 500 нуқта пойин рафт, ки ин бадтарин рӯз барои бозорҳои Амрико аз замони буҳрони молии соли 2008-ум буд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бояд имрӯз вазъи пешомадаро тавассути телефон бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG