Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори фишори бештар алайҳи Сурия шуд


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон аз кишварҳои Аврупову ҷаҳони Араб ва аз бақия даъват хоҳад кард, то алайҳи Сурия бо талаби қатъи саркӯбии эътирозҳо фишори бештар биоранд. Ҳилларӣ Клинтон режими Башшор Асадро масъули куштори беш аз 2000 нафар хонд ва гуфт, ки Асад, ба бовари Вошингтон, «машрӯъияти ҳукумат бар мардуми Сурияро аз даст додааст.» Ӯ афзуд: «Мо дар ин ҳафта шоҳиди идома ва густариши доманаи амалиёти хушунатбори режими Асад алайҳи мардумаш ҳастем. Қатли як духтари яксола аз сӯи тонкҳову нерӯҳои режими Сурия як намунаи хеле барҷастаи он чист, ки дар он ҷо мегузарад.»
Дар ин авохир ҳам Амрикову ҳам Русия дар қиболи режими Асад мавзеъи шадидтаре гирифтанд. Бино ба хабарҳо, амалиёти артиши Сурия дар шаҳри Ҳамо даҳҳо кушта ба ҷо гузошт. Башшор Асад баъди даҳҳо соли яккатозии ҳизби ҳокими Баъс ба фаъолияти аҳзоби дигар иҷозат дод, вале мухолифин инро радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG