Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон - як сармоягузори умдаи Новосибирск


Сармоядорони тоҷик дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба иқтисоди вилояти Новосибирски Русия 18 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд. Бино ба гузориши ахири идораи омор – «Новосибирскстат», дар нимаи аввали сол ба ин вилоят аз 53 кишвар ба маблағи 205,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст. Тоҷикистон бо 8,9 дарсад баъди Олмон(11,9 %), Ҳонгконг(10,9 %) ва Қазоқистон (9,9 %) дар сабқати кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди Новосибирск дар мақоми чорум будааст. Аммо гуфта намешавад, ки сармоядорон аз Тоҷикистон мушаххасан ба кадом корхонаҳое дар вилояти Новосибирск маблағгузорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG