Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 6-уми август бозиҳои давраи севуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ хоҳад шуд.

Бегоҳи рӯзи шанбе се бозӣ миёни дастаҳои зерин баргузор мешавад: “Равшан” (Кӯлоб) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хайр” (Ваҳдат) - ССКА “Помир” (Душанбе), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Энергетик” (Душанбе).

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду бозии дигари даври 23-юми мусобиқот миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Шодмон” (Ҳисор) - “Истиқлол” (Душанбе) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Вай афзуд: “Иллати мавқуф гузоштани бозии дастаҳои “Хуҷанд” ва “Парвоз” ин аст, ки дар ин рӯз дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои давлатӣ бо ширкати раҳбарони кишвар доир мешаванд. “Истиқлол”, ки 11 бозигараш дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Сурия ширкат кард, имкони ба нимаи дуввуми мусобиқот омода шуданро надошт. Бинобар ин се бозии давраи севуми “Истиқлол” бо дастаҳои “Шодмон” (6 август), “Энергетик” (10 август) ва “Регар-ТадАЗ” (13 август) ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.”

Ҳоло “Истиқлол” бо 46 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Равшан”бо 44 имтиёз ҷойи дуввум ва “Регар-ТадАЗ” бо 42 имтиёз ҷойи севвумро касб кардаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов ("Равшан") бо 12-голӣ пешсафанд. Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") ва Мансур Ҳакимов ("Парвоз") 11-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, воқеъан, ҳоло ба “Регар-ТадАЗ” гузаштааст) 10 гол, Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) 9 гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

"Истиқлол"

18

15

1

2

44-11

46

2.

авшан"

19

14

2

3

35-12

44

3.

"Регар-ТадАЗ"

19

13

3

3

43-17

42

4.

"Хайр"

20

10

3

7

32-20

33

5.

"Энергетик"

20

9

2

9

30-34

29

6.

ССКА “Помир”

19

8

1

10

31-37

25

7.

"Хуҷанд"

19

7

4

8

25-28

25

8.

арвоз"

20

6

3

11

22-39

21

9.

Вахш”

19

6

1

12

18-25

19

10.

Шодмон”

20

4

2

14

22-45

14

11.

вардия"

19

2

2

15

14-48

8


Чаҳор бозии мавқуфмондаи мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” - “Гвардия” (даври 10-ум), “Регар-ТадАЗ” - “Равшан” (даври 15-ум), “Истиқлол” - “Хуҷанд” (даври 18-ум) ва ССКА “Помир” - “Вахш” (даври 19-ум) дар ҷараёни сабқати давраҳои севуму чаҳорум баргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG