Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Паннета аз коҳиши харҷи Пентагон


Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико, мегӯяд, коҳиши башиддати хароҷоти низомиро қабул нахоҳад кард, зеро дар ин сурат ба гуфтаи ӯ Амрико дар баробари қудратҳои зуҳуркунанда заъиф хоҳад шуд. Ӯ дирӯз дар Вашингтон гуфт, дар ҷараёни коҳиши хароҷоти буҷаи давлатӣ ва қарзи Амрико, харҷи вазорати дифоъ башиддат кам карда намешавад. Дар ин муддат харҷи Пентагон 600 миллиард доллар камтар карда мешавад шуд. Ӯ гуфт, коҳиши фарогири хароҷоти бахши низомӣ, ба амнияти Амрико қудрати низомиён дар ҳифзи кишвар латма хоҳад зад. Харҷи низомии Амрико баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябр дар даҳ пеш тақрибан ду маротиба бештар шуда ва 20 дар сади буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Иёлоти Муттаҳида соли гузашта барои бахши низомӣ ҳудуди 700 миллиард доллар бештар аз ҳар кишвари дигар дар ҷаҳон сарф кардааст.
XS
SM
MD
LG