Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон хостори фишори бештар ба Сурия шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, аз кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ хоҳад хост, то бо фишори бештар Сурияро маҷбур кунанд, ки саркӯби тазоҳургарони тарафдори демократияро хотима диҳад. Ҳилларӣ Клинтон гуфт, режими раиси ҷумҳур Башшор Асад, масъули марги 2000 нафар аст ва таъкид кард, ки ӯ “машрӯъияти худ дар назди мардуми Сурияро” аз даст додааст. Ва айни замон раҳбари мухолифони Сурия эълом кард, ки нахустин нишасти Ҳаракати демократии Сурияро моҳи оянда баъди анҷоми моҳи Рамазон дар Тунис баргузор мекунанд ва дар он сарнавишти Сурияи баъди аҳди Башшор Ассад баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG