Пайвандҳои дастрасӣ

Ларза дар андоми бозорҳои молии ҷаҳон


Бо афзудани бими сармоягузорон аз амиқрафти бӯҳрони қарзӣ дар кишварҳои аврупоӣ рӯзи дуввум аст, ки қимати саҳҳом дар бозорҳои бурси ҷаҳон башиддат коҳиш меёбад. Шохиси Доу Ҷонс 4,3 дар сад арзиши худро аз даст дод, ки тайи ду соли ахир мушоҳида нашудааст. Айни замон нархи тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт ва барои як унсия 1677 долларро ташкил дод. Нигаронӣ бештар аз вазъи Итолиёву Испониё аст, ки дигар бо баҳраи кам қарз гирифта наметавонанд. Айни замон вазорати кори Амрико гуфт, сабти номи бекорон дар кишвар ҳафтаи гузашта зиёд монд ва офаридани ҷойҳои нави корӣ низ ҳамчунон суст аст.
XS
SM
MD
LG