Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳтӣ дар Сомалӣ ҷони 29 ҳазор кӯдакро гирифтааст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, хушксолӣ ва қаҳтӣ то кунун ҷони 29 ҳазор кӯдаки то 5-соларо дар Сомалӣ гирифтааст. Ненсӣ Линдборг, намояндаи Муассисаи имдодии ҳукумати Амрико ба як кумитаи конгресс гуфт, ин кӯдакон дар тӯли 90 рӯзи гузашта ҳалок шудаанд. Ин бори аввал аст, ки омори дақиқе доир ба паёмадҳои қаҳтӣ дар ин гӯшаи Африқо нашр мешавад. Пештар аз ин Созмони Милал гуфт, хушксолии бесобиқа дар 60 соли ахир дар Сомалӣ ҳазорон нафарро куштааст ва ирсоли кӯмак ба ин кишвар бинобар ҳузури тундравони шарики Ал-қоида дар манотиқи васеъи он мушкил шудааст.
XS
SM
MD
LG