Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи раиси Ҳизби Исломии Озарбойҷон оғоз шуд


Дар шаҳри Боку, муҳокимаи додгоҳии Мавсум Самадов, раиси Ҳизби Исломии Озарбойҷон ва шаш фаъоли ин ҳизб шурӯъ шуд, ки ба ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешаванд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, ин афродро ба таъсиси гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва талош барои ғасби қудрат муттаҳам мекунанд. Аммо раҳбари Ҳизби Исломии Озарбойҷон ва ҳамроҳонаш мегӯянд, мақомот онҳоро ба хотири интиқодҳояшон аз ҳукумат ва эътироз аз қарори манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо таъқиб мекунанд. Мавсум Самадов ва ҳамроҳонашро моҳи январи ҳамин сол боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG