Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷинояте, ки аҳолии тамоми Туларо ба хашм овард


Дар шаҳри Тулаи Русия, сокинони хашмгин аз як ҷинояти ваҳшиёна дар ин шаҳр саъй кардаанд, фарди муттаҳам ба қатли панҷ нафарро худашон ҷазо диҳанд, аммо маъмурони пулис монеъи онҳо шудаанд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, ҳодиса замоне рух додааст, ки маъмурони пулис ҷавони 26-солаи муттаҳам ба қатли Мария Шкарупаи 35-сола бо се фарзанди кӯчаку модарашро, барои бозпурсӣ ба маҳалли ҳодиса овардаанд. Сокинони хашмгини маҳал дар назди бино ҷамъ омада ва таҳдид кардаанд, ки он ҷавонро мекушанд. Ҷасади мақтулонро рӯзи 1 август дар манзили зисташон пайдо кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот, рӯзи 25 июл кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG