Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия ба ҳизбҳои мухолиф иҷозаи фаъолият дода шуд


Башор Асад
Башор Асад
Хабаргузории расмии Сурия бо номи SANA гуфтааст, президент Башор Асад имрӯз фармонеро имзо кард, ки тибқи он фаъолияти ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар Сурия иҷоза дода мешавад. Ҳизби БААС-и Асад аз соли 1963 дар сари қудрат аст ва тибқи Қонуни Асосии ин кишвар ин ҳизб “раҳбари давлату ҷомеа” дониста мешавад. Гуногунандешии сиёсӣ дар садри дархостҳои норозиёни сиёсии Сурия қарор дорад. Онҳо аз моҳи марти соли ҷорӣ дар тазоҳуроти эътирозӣ ин тақозоро матраҳ мекунанд. Ин фармони раиси ҷумҳури Сурия дар ҳоле имзо шудааст, ки Шӯрои Амнияти СММ саркӯбиҳои хунини тазоҳуркунандагон аз сӯи режими Башор Асадро шадидан маҳкум кардааст. Ҳамзамон имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Асад хост, ки ислоҳот анҷом диҳад ва бо мухолифон оштӣ кунад.
XS
SM
MD
LG