Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости 140 зиндонӣ барои афв дар Тоҷикистон


Беш аз 140 зиндонии Тоҷикистон ба раиси ҷумҳур, вакилони порламон ва васоити ахбори умум муроҷиатномае ирсол ва дархост кардаанд, ки онҳо низ дар остонаи ҷашни 20 солагии истиқлол мавриди афв қарор бигиранд. Дар номаи онҳо аз ҷумла омадааст: "Ин истиқлолият бар ивази хуни ҳазорон ҳамсафони мо, ки дар майдони обу оташ аз пуштибонии сохти конститутсионӣ истодагарӣ намуда буданд, ба даст омадааст." Хайрулло Ҳайдаров-узви Кумиссиюни оштии миллии вақти Тоҷикистон роҷеъ ба имкони афви онҳо чунин мегӯяд:

“Агар ҳукумат лозим донаду қабул кунад, он қадар бад намешавад, барои он ки онҳо дар муддати дар зиндон будан андеша карданд, ки барои чӣ дар он ҷо шиштаанд”.

Ин 140 нафар ҳамунин дар номаи худ гуфтаанд, дар сурате, ки афроди сарҳанги исёнгар, Маҳмуд Худойбердиев, тибқи «Қонуни афв» озод мешаванд, ба масъалаи раҳоии онҳо низ бояд расидагӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG