Пайвандҳои дастрасӣ

Таъини фармондеҳони нави артиши Туркия


Имрӯз Туркия чаҳор фармондеҳи нави артиши худро таъин кард. Раиси ситоди артиш, фармондеҳи нируҳои мусаллаҳ, фармондеҳони нируҳои обиву ҳавоӣ бо имзои президент Абдулло Гул ба ҷои чаҳор генерал, ки ҳафтаи гузашта баъд аз мубоҳисот бо ҳукумат истеъфо дода буданд, мақомҳои нави худро ишғол карданд. Ҷиҳод Эргинай-сафири Туркия дар ҷумҳурии Чех дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт:

“Ин намунаи он аст, ки демократия дар Туркия чӣ тавр рушд мекунад ва чӣ тарз назорати шаҳрвандон бар умури низомӣ пеш рафтааст”.

Фармондеҳони пешин ба нишонаи эътироз бар зидди боздошти садҳо афсар истеъфо доданд, ки гӯё талош доштаанд ҳукумати исломгарои нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғонро сарнагун созанд. Имрӯз дар поёни мулоқоти солонаи Шӯрои олии низомӣ президент Абдулло Гул номзадии фармондеҳони навро бо имзои худ таъйид кард.
XS
SM
MD
LG