Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар зидди Кристин Лагард парванда боз мекунанд?


Кристин Лагард
Кристин Лагард
Имрӯз додгоҳи Фаронса дастур дод, ки ба нақши зиддунақизи хонум Кристин Лагард-раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул расидагии қазоӣ сурат бигирад, то рӯшан шавад, ки вай чӣ тарз ҳангоми кораш дар раҳбарии вазорати молияи Фаронса як баҳси молиро ҳал кардааст. Додгоҳи Адолати Ҷумҳурӣ, ки маъмулан ба иштибоҳҳои аъзои ҳукумат расидагӣ мекунад, дастур додааст, ки ба иддаоҳо дар бораи хонум Лагард расидагии расмӣ сурат бигирад. Иддао мешавад, ки вай бо истифода аз нуфузи худ дар раҳбарии вазорат сабаб шудааст, ки 285 миллион евро ба як тоҷире, ки давлатро ба додгоҳ кашонда буд, пардохт кунанд. Се қозии додгоҳ ин тасмимро содир карда буданд. Хонум Лагард ба ҷои Страус Кан раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул интихоб шуд. Страус Кан дар моҷарое дар робита бо таҷовузи ҷинсӣ аз мақоми раёсати Сандуқи Байналмиллалии Пул истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG