Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Британия дар Тоҷикистон нав мешавад


Бино ба хабари сафорати Британия дар Душанбе, ҷаноби Робин Ҷереми Орд-Смит сафири нави Британия дар Тоҷикистон таъин шуд. Вай ҷаноби Тревор Чарлз Мурро, ки барои хидмат ба хадамоти дипломатии кишвараш бармегардад, дар ин вазифа иваз хоҳад кард. Ҷаноби Робин Орд-Смит соли 1989 фаъолияти хешро дар Вазорати корҳои хориҷии Британия оғоз намуд ва дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, дар Ҷопон, Малайзия, Руминия ва дар Алжир кор кардааст. Ҷаноби Робин Орд-Смит то рӯзҳои наздик дар Қасри Букингем ҳамчун ёвари шоҳзода- Герсоги Йорк хизмат кардааст. Ҳоло вай дар мақоми Директори Раёсати Британия оид ба савдо ва сармоягӯзорӣ дар Ироқ фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG