Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи "Қонуни афв", ки ба порлумон ироа шудааст, дар меҳвари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи Тоҷикистон қарор дорад.

"Наҷот" дар робита ба Қонуни афв суоли "Президент дар мавриди афв кардани иштирокчиёни исёнҳои соли 1997 ва ҳамлаи соли 1998 чӣ ангеза дорад?"-ро бо чанд коршинос дар миён гузоштааст. Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар посухи ин суол гуфтааст, ки "вақтҳои ахир чанд амали раҳбари давлат боис ба нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ ҳам шудааст. Эҳтимол президенти Тоҷикистон бо чанд амали хайри хеш таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба дигар самт равона сохта, аз интиқодҳои қаблӣ берун кашиданист."

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ ва сиёсӣ ба ин назар аст, ки "мушкилоти Маҳмуд Худойбердиев як хатари дигар ва доимӣ барои Тоҷикистон боқист, вале ҳал шудани ин мушкил ба манфиати ҳама мебошад. Агар бо роҳи афв ин масъала ҳам ҳалли худро то ҷое пайдо намояд, як кори хайру савоб мебуд."

"СССР" дар матлаби "Амнистияи 4-ум Ёқуб Салимовро афв мекунад?" натиҷаи назарпурсиеро, ки ин нашрия анҷом додааст, чоп кардааст. Бар асоси ин назарпурсӣ 53, 9 дарсади пурсидашудагон тарафдори озод шудани Ёқуб Салимов ҳастанд. 23 дарсад гуфтаанд, ки Ёқуб Салимов набояд озод шавад, зеро ӯ ҷиноят карда буд ва бояд ба кардааш ҷавоб гӯяд. Аммо 7,2 дарсади дигар гуфтаанд, ки бояд ӯ афв шавад, аммо ба озодӣ набарояд. Нашрия меафзояд, "ба чизе даъво надорем, вале агар дар ин амнистия Ёқуб Салимовро низ президенти кишвар мебахшид, нур болои нур мебуду ин афв бузургтарин ва беҳтарин бахшишҳои президентӣ мегардид."

"Миллат" дар пасманзари нашри навори видеоии ҳамлаи ҷавонони рус ба як муҳоҷирбачаи тоҷик дар интернет, ки ин ҷавонро мавриди лату кӯб қарор додаанд, амалкарди сафорати Тоҷикистон дар Русия нисбат ба ин ҳодисаро матраҳ карда ва суоли "Чаро тоҷик пароканда аст?"-ро матраҳ кардааст. Рӯзноманигор, Гулафшон Соқиева, гуфтааст, "намедонам то кадом андоза нотаи равонкардаи ҷониби Тоҷикистон вазъиятро тағйир медиҳад, аммо пас аз тамошои чунин навор нафрат мегӯям, ба онҳое, ки аз пули ҷамъкардаи муҳоҷирбачаи тоҷик, ки ба чунин азобҳо дар Русия умр ба сар мебарад, зару зевар мехаранд ва тӯйю маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд." Аммо Абдулқодири Алавӣ, шоири муҳоҷир дар таҳқиру шиканҷа ва азоб гирифтор шудани муҳоҷирони тоҷик, сафорати Тоҷикистон дар Русияро муқассир медонад. Вай мегӯяд, "имрӯз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба як ниҳоди қавмию гурӯҳӣ табдил ёфтааст ва аз ҳамин хотир дар Русия дигар тоҷики сарсахт ба сафорати давлаташ умедашро канда, бо ду-се хешу табори худ ҷамъият дуруст кардааст."

"Фараж" ба баррасии қарзи берунии Тоҷикистон пардохта ва дар матлаби «Қарзи Тоҷикистон куҷо меравад?» менависад, "имрӯз соҳае, ки аз он кишвар даромади калон бинад, қариб, ки надорем. Ягона роҳи пешбурд ва тараққиёт, таъмир, барқарорсозии дилхоҳ кишвар бо гирифтани қарзҳои калони дарозмуддат амалӣ мешавад. Ин қарзҳо сол аз сол рӯ ба афзудан доранд. Чунин муносибат ва тарзи кор аст, ки қарзи умумии Тоҷикистон наздик ба 2 миллиард доллар расидааст." Нашрия бо мисолҳои мушаххас аз камбуди об ва дигар мушкилот дар манотиқи мухталиф менависад, "мушкил ғайримақсаднок ё пурра истифода нашудани маблағҳо аст... Маблағҳои калон ба дилхоҳ лоиҳаҳои соҳаҳои гуногун ҷудо шуда, ғайримақсаднок истифода мешавад. Баръакс мушкил боз печидатар гашта, бар замми ин қарзи кишвар рӯз ба рӯз зиёд шудан дорад."

"Имрӯз нюс" фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта ва дар матлабе зери сарлавҳаи "Аҳзоби сиёсии бе дафтари корӣ дар Тоҷикистон" навиштааст, ки "қариб ягон ҳизби сиёсии Тоҷикистон қароргоҳи доимии худро надорад. Ба ҷуз ҲКТ, қароргоҳҳои дигар ҳизбҳо моликияти худашон нест. Ҳатто намояндагони ҷомеаи фаъоли кишвар низ намедонанд, ки қароргоҳи марказии баъзе аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар куҷо ҷойгир мебошад." Ба навиштаи ин нашрия ҲХДТ имкониятҳои ҳангуфтеро дар даст дорад, аз ин сабаб кам касон шояд бовар кунанд, ки ин ҳизб бо назардошти маблағ қароргоҳ намесозад. ҲНИТ ягона ҳизби сиёсӣ аст, ки дафтари ин ҳизб дар бинои алоҳида ҷой дорад. Гуфта мешавад, ин бино моликияти ҳизб набуда, ба таври иҷора истифода мешавад. Дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар биное дар маҳаллаи политехникуми Душанбе ҷойгир аст. Ҳизби демократ бо раҳбарии Масъуд Собиров низ ба мушкили надоштани қароргоҳи марказӣ мувоҷеҳ аст. Аз қароргоҳ доштан ё надоштани ҳизби сотсиалистӣ ба сарварии Абдуҳалим Ғаффоров боре хабаре дар миён набуд. Қароргоҳи ҳизби аграрӣ бошад, дар бинои Институти чорводорӣ, воқеъ дар шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе, мебошад, ки ба иҷора гирифтаанд." Ин аст, ки нашрия ба нақл аз коршиносон "доштани бино ва қароргоҳи муайян барои аҳзоби сиёсиро пеш аз ҳама таъсиргузор ба имиҷи ҳизб дар миёни омма медонад."

"Азия-плюс" ҳолу ҳавои бозорро дар нахустин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба таҳлил гирифта ва навиштааст, ки "Рамазон нарасида аллакай нархҳо дар бозорҳо ба афзоиш даромаданд. Муддати се рӯзи аввали моҳи Рамазон баъзе аз мавод аз 7 то 50 дарсад боло рафт. Нархи гӯшт 4-7 дарсад, шакар 7 дарсад, картошка 25 дарсад, бодиринг 50 дарсад афзуд." Ба навиштаи нашрия "ҳарчанд дар сатҳи ҳукумат Шӯрои таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис шуд, аммо коршиносон ба фаъолияти муассири он дар заминаи танзими нарх шак доранд."

"Нигоҳ" аз густариши таҳоҷуми фарҳанги туркӣ ба Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон дар матлаби "Бонги изтироб аз фарҳанги туркӣ" ба шиддат интиқод кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия дар ин авохир бар иловаи литсейҳои туркӣ, сериолҳои туркӣ, назири "Ҳомиён" мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик қарор гирифтааст. Нашрия таблиғи фарҳанги туркиро барои ояндаи начандон дури миллат "хатарбор" арзёбӣ карда ва навиштааст, ки "ҳанӯз миёнаҳои солҳои 1990, ки дар кишвар ҷангу хунрезии гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф идома дошт, зумрае аз нухбагони миллат, аз ҷумла устод Мӯъмин Қаноат, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, устоди марҳум Лоиқ Шералӣ ва иддае дигар аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ бо ирсоли номае унвонии президент аз густариши фарҳанги туркӣ ва афзоиши теъдоди омӯзишгоҳҳои туркӣ дар кишвар ва эъзоми ҷавонон барои таҳсил ба Туркия бонги изтироб зада буданд." Нашрия мушкили аслиро дар он медонад, ки "фарзандони иддае аз вазирону раисони тасмимгирандаи ин амр (ҳатто вазири маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов) дар Туркия ва ё литсейҳои туркии кишвар таҳсил мекунанд ва онҳо наметавонанд хилофи ин амалкарди худ қарору қонун қабул кунанд." Бо ин ҳам нашрия бар ин бовар аст, ки "аз ҳуҷуми фарҳангии туркӣ на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Русия эмин набудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG