Пайвандҳои дастрасӣ

Идораи вогиршиносии Кӯлоб ҳушдор додааст, ки дар Рамазон сокинон аз оббозӣ дар обҳои олуда ва нопок худдорӣ кунанд.

Ҳушдори ин идора дар ҳолест, ки дар гармои рӯз садҳо сокини рӯзадори шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб худро ба ҷӯйборҳое меандозанд, ки аксаран ба талаботи тозагӣ ҷавобгӯ нестанд.
Ҳоло гармии ҳаво дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб то 45 дараҷа мерасад...


Саттор Раҳимов, як ҷавони рӯзадори маҳаллӣ, мегӯяд, аз сабаби оне, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа болост ва дар шаҳр ягон ҳавзи оббозӣ нест, онҳо барои сард нигоҳ доштани бадани худ ва дарк накардани ташнагӣ дар ҳар рӯдхонаи кӯчак оббозӣ мекунанд.

Ӯ мегӯяд: "Обҳо он қадар тоза нестанд, вале ҳаво ниҳоят гарм аст ва агар оббозӣ накунӣ, маҷбурӣ, ки рӯзаатро бихӯрӣ. Аз ҳамин ҳисоб баъд аз ҳар нисфирӯзӣ, ки ҳаво гарм мешавад, барои оббозӣ меравем."

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз сокинони дигар бо сабаби гарм будани ҳаво дигар натавонистаанд, рӯза бигиранд. Муҳиддин, ки тайи даҳ соли ахир дар Рамазон рӯза медоштааст, мегӯяд, имсол бо далели ниҳоят гарм будани ҳаво ҳамагӣ ду рӯз тавонист, рӯза бигирад. Вай афзуд: "Худо бубахшад, дигар натавонистам рӯза бигирам, зеро ҳаво хело тафсон аст."

Бинобар гарм будани ҳаво аксари рӯзадорон танҳо бо оббозӣ дар рӯду рӯдхонаҳо то бегоҳ сабр мекунанд. Алишер Кабиров, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан, дар обҳои олуда оббозӣ кардани сокинон хатар дорад, аммо аз сӯи дигар агар оби пок барои оббозӣ бошад, барои бадан дар ин гармо манфиатовар аст.

Аммо рӯҳониёни маҳаллӣ мегӯянд, одами рӯзадор набояд худро пурра ба об андозад, зеро дар ин сурат шикастани рӯза мумкин аст.

Маҳмадшарифи Набӣ
Маҳмадшарифи Набӣ, як рӯҳонии маҳаллӣ мегӯяд: "Ислом аслан дини покиву тозагист. Шустушӯ кардан ҳеҷ ҷои бадӣ надорад, вале одам вақте ба ҳавз ғӯта мезанад, эҳтимол дорад, ба даҳону гӯшу гулӯяш об дарояд ва рӯзааш лакнат пайдо кунад. Аз ин рӯ, шустушӯ хуб аст, вале оббозӣ кардану ғӯта задан он қадар ҷоиз нест."

Ҳавои гарм рӯзавдорӣ барои бархе аз бонувонро ҳам мушкил кардааст. Наргис, як хонум мегӯяд, ба болои рӯзадорӣ маҷбур аст, ки дар саҳро кор кунад, ки ин барояш хеле мушкил аст. Ӯ мегӯяд, ташнагиашро танҳо бо шустани дасту рӯ мешиканад. Ин хонум инчунин афзуд: "Дар Рамазони имсол фақат як интихоб аст ё рӯза мегириву дар хона менишинӣ ё рӯзаатро хӯрда дар гармӣ кор мекунӣ. Бисёр занон, ки шароит доранд, рӯза гирифта дар хона менишинанд, онҳое, ки шароит надоранд, рӯзаашонро мехӯранд ва кор мекунанд."

Феълан, гармии ҳаво дар шаҳру навоҳии Кӯлоб аз 40 то 45 дараҷаро ташкил медиҳад ва илова ба ин дар ҳудуди шаҳр вазиши шамол ба мушоҳида намерасад. Ин вазъ аҳволи афроди рӯзадорро хеле мушкил гардонидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG